Изҳороти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ нисбати сафсатахонии наҳзатиён аз сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи Аврупо
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати озоду мустақил ва ҳуқуқбунёд муносибатҳои хориҷии худ бо ҳамаи давлатҳо ба роҳ мондааст. Ҳануз соли 2003 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сиёсати хориҷии Тоҷикистон сухан намуда, “сиёсати дарҳои боз”-ро зикр намуданд. Тибқи ин принсип давлати мо бо ҳамаи субъектҳои байналмилалӣ чи давлатҳои мустақил ва чӣ созмону ташкилотҳо муносибати неку ҳамгироиро ба роҳ мемонад. Инак то ин дам Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил зиёда аз 190 давлати ҷаҳон расман шинохта, бо 150 давлат муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Зиёда аз 50 созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ муносибатҳои дутарафаро ба роҳ мондааем.
Дар қатори он бо Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои он муносибати ду ҷониба ва бисёр ҷонибаро ба роҳ андохта, дар ҳамаи самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем, ки ин “ғалабаи дипломатияи тоҷик” аст. Аммо аз ғолибияту дастовардҳои давлатимо як гуруҳ хоинон дар Аврупо камин гирифта зор – зор мегирянду хунолуд мешаванд. Зеро онҳо дар Аврупо нисбати давлатимо суханҳои дуруғ бофта, ба чашми аврупоиён давлати моро ҷангзадаву ваҳшӣ нишон доданианд. Қатли сайёҳони хориҷӣ соли пеш маҳз аз зумраи программаи сохтаи наҳзат буд, ки ба он тамғаи “ДОИШ”-ро заданд.
Баъди чанд руз бо сафари расмӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ба Аврупо раҳсипор мешаванд. Муносибатҳо бо ин қитъаи пешрафта дар ҳамаи самтҳо хуб ба роҳ монда шуда, ҳамаи давлатҳои минтақа бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондаанд. Аммо ҷои афсус аст, ки аз ин сафари Президент наҳзатиён ва Паймони миллӣ ҳангомаҳои навбатиро ба роҳ андохта, мехоҳанд мафкураи мардумро дигар кунанд. Гуё, ки даврҳои Аврупо баруи Президенти мо пушида бошад. Лек ин хатои маҳз аст. Агар чунин мебуд санаи 1-уми ноябр ҳайати расмии вакилони Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ташриф намекарданд. Бо Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати расмии Тоҷикистон вохурӣ анҷом намедоданд.
Аҳли устодони кафедраи
муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ