Бар пӯсти хоинон кайк даромад
Тӯли солҳои истиқлолият мо тавонистем, ки ба бисёр муваффақиятҳо ноил гардем, аз ҷумла дар сиёсати хориҷӣ ҳам давлати Тоҷикистон ба пешрафтҳои намоёне сазовор гардид. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил эътироф шудааст ва дар як чанд созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аъзо мебошад.
Ҳоло бо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо давлати Тоҷикистон равобити дипломатӣ дошта, дар аксарияти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон сафоратхона ва намояндагиҳои давлати мо кушода шудааст, ки далел аз сиёсати муваффақи хориҷии Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
Тайи чанд рӯзи охир бо нашри хабари сафари Роҳбари давлат ба чанд кишвари Аврупо, нотавонбинон ва душманони миллат наҳзатиёни хоин, гӯё дар пусташон кайк даромада бошад, бетоқат гардида, ҳар гуна шарҳу изоҳи нодурустро миёни мардум паҳн мекунанд, ки асосӣ воқеӣ надорад. Албатта, маймунсаводҳои наҳзатӣ метарсанд, ки агар сухан аз амалҳои террористии онҳо раваду сиррашон ошкор гардад, Аврупо дар як лаҳза онҳоро аз он ҷо дафъ мекунад ва барои ҳамин ҳамин ҳам ҳар гуна хабарҳо паҳн мекунанд, то вазъи идеологиро ноором созанд.
Маълум аст, ки онҳо бо супориши хоҷагони хориҷии худ кор мекунанд ва муваффақиятҳои давлати Тоҷикистон ба хоҷагони ТЭТ ҲНИ писанд нест ва аз ин лиҳоз наҳзатиёни касиф ва палид супориш гирифтаанд, ки ҳар гуна амалҳоро анҷом диҳанд, то мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст зананд.
Мо омӯзгорон ва устодон рафтори ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллиро маҳкум намуда, аз давлатҳои аврупоӣ дархост менамоем, ки ин тоифаи авбош ва ҷинояткор дастгирӣ накунанд. Зеро аъмоли террористии онҳо ҳанӯз фаромӯш нагаштааст ва ин террористон ҳар замон метавонанд акти террористиеро дар лонаи Аврупо содир кунанд.
Одинаев А. – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ