Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯдухтарони донишгоҳ
Бахшида ба Рӯзи модар, 30-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” байни донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии донишгоҳ мусобиқаҳои варзишии волейбол, шашка, шоҳмот ва тенниси рӯи миз оғоз гардид. Мусобиқаҳои мазкур аз санаи 28 феврали соли 2024 оғоз гардида, то 2 марти соли 2024 давом меёбад.
Мақсади баргузории чорабинии варзишӣ
тарғиби тарзи ҳаёти солим байни донишҷӯён, ҷалби таваҷҷӯҳи онҳо ба варзиш, оммавигардонии варзиш дар байни донишҷӯён, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни онҳо, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишии донишҷӯён, муайян намудани дастаи мунтахаби донишгоҳ мебошад.
Дастаҳои ғолиб бо Ҷом, Диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ мешавад.