Хатмкунандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд аз ДДҲБСТ дидан намуданд
Дар рӯзи дуюми ҳафтаи Дарҳои кушод дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон хатмкунандагон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо вазъи таълиму тарбия, шароиту имкониятҳо шинос гардиданд.
Ба хатмкунандагон иттило дода шуд, ки ДДҲБСТ дар байни даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифта, аз аввалин донишгоҳе мебошад, ки ба гирифтани шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ шарафёб шудааст. Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ низ бо донишгоҳу донишкадаҳои минтақавиву байналмиллалӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, донишҷӯёну устодони мо дар барномаҳои табодул пайваста ширкат меварзанд.
Пас аз шиносоӣ бо базаи моддиву техникии донишгоҳ хатмкунандагон дар даври дуюми олимпиада ширкат карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳафтаи Дарҳои кушод даври дуюми олимпиада байни хатмкунандагон доир шуда, онҳо дониши хешро аз рӯи саволномаҳои ММТ санҷиданд.
Олимпиадаи мазкур дар охири ҳафта ҷамъбаст шуда, ғолибон бо туҳфаҳои арзишманд қадршиносӣ хоҳанд шуд.