Саҳми занон дар рушди илм
Дар толори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати АМИТ 10-умин Конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илм» баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур дар баробари роҳбарону намояндагони вазорату кумитаҳо, намояндагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дотсентони кафедраи молия ва қарз Муаззама Каримова ва Парвина Бобоева иштирок ва дар мавзӯҳои “Нақш ва манзалати занон дар ҷомеаи имрӯза” ва “Нақши занон дар такомули маърифати бонкдорӣ” баромад намуданд.
Баромадкунандагон таъкид карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеа марҳила ба марҳила боло рафта, вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Нақшаи миллии тадбирҳо дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷргузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» қабул гардидаанд