Шиносоии хатмкунандагон бо шароиту имкониятҳои ДДҲБСТ

Имрӯз, гурӯҳе аз хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷиҳати шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ дидан намуданд. Онҳо аз синфхонаву лабораторияҳо ва марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷиву Парки технологӣ, бонки таълимӣ, маркази инноватсионӣ дидан намуданд. Ба хатмкунандагон кормандону устодони донишгоҳ перомуни ихтисосҳо ва пояи моддиву техникии донишгоҳ маълумот доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар донишгоҳ шуруъ аз санаи 20-январ то 20-феврал даври аввали интернет-олимпиадаи хатмкунандагон баргузор гардид. Дар ин давра хоҳишмандон тавонистанд тариқи воридшавӣ ба сомонаи донишгоҳ http://tsulbp.tj ва http://dem.tsulbp.tj/register дар интернет-олимпиада иштирок намуда, дониши хешро аз рӯи саволномаҳои ММТ барои дохил шудан ба донишгоҳ санҷиданд.
Дар ин замина шуруъ аз санаи 26 январ дар ДДҲБСТ Ҳафтаи дарҳои кушод оғоз гардида, хатмкунандагон метавонанд то охири ҳафта ҳамроҳи устодони худ ба донишгоҳ ташриф оварда, бо шароиту имкониятҳои он аз наздик шинос гарданд ва дар даври дуюми олимпиада байни хатмкунандагон иштирок намоянд.
Санаи 02 март олимпиадаи мазкур ҷамъбаст шуда, ғолибони олимпиада дар вазъияти тантанавӣ бо планшету ноутбук ва туҳфаҳои зиёди арзишманд қадршиносӣ мешаванд. Ҳамзамон довталабоне, ки дар имтиҳоноти ММТ соҳиби холҳои баландтарин мешаванд, метавонанд дар донишгоҳ РОЙГОН таҳсил намоянд

You might also like