Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан
22 феврали соли 2024 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ дар баробари роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ мушовири раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Наим Маликисломӣ ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров иштирок ва баромд карданд.
Дар оғоз ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода баромад карда, зикр дошт, ки боиси сарфарозист, кулли афсарону сарбозони далеру ҷасури мо тӯли 31 соли сипаришуда ҳифзи Истиқлолу якпорчагии Тоҷикистони маҳбуб, ҳимояи марзу буми Ватан, дастовардҳои бузургу таърихии халқамон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таъмин намуда, рисолати касбиву қарзи ватандӯстонаи худро бошарафона иҷро намуда истодаанд. Бо назардошти чунин рисолат Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, омода кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу ватан, таъмин бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ, баргузории ҷамъомаду машқҳои низомӣ ва муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарон тадбирҳои амалӣ меандешад, илова шуд дар идома. Ректори донишгоҳ Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. таъкид намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба нерӯи қудратманди низомӣ табдил ёфт.
Дар идома, меҳмонони маҷлиси тантанавӣ баромад карда, иштирокчиёнро ба муносибати таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуданд. Таъкид шуд, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандорӣ ва рисолати ватандӯстонаашонро иҷро намуда, дар ҷодаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар ҷумҳурӣ саҳми басе арзишманд ва таърихӣ гузоштаанд.Хизмат ба Ватан барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ меомӯзанд.
Дар қисмати дуюми маҷлиси тантанавӣ ғолибони як зумра мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, ки ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни факултетҳои донишгоҳ баргузор гардида буданд, бо Диплом ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд. Ҳамзамон ба кормандону устодоне, ки баҳри ҳифзи Ватан-Модар дар сафи Артиши миллӣ хизмат намудаанд, Сипосномаву Ифтихорномаҳои раёсати донишгоҳ тақдим карда шуданд.
Барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ, ки муҳтавояш ватандӯстӣ ва хизмат ба он буд, ба чорабинии тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа