ДДҲБСТ: Баргузории мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ байни донишҷӯён
Имрӯз дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати 31-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон , эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 30-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ байни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ доир шуд.
Дар оғоз, ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода иштирокчиёнро ба ифтихори таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, иброз дошт, ки имрўз ин ниҳоди тавонои кишвар-Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот чун нерўи қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд.
Дар идома, сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, подполковники милитсия Ихтиёр Сатторзода баромад карда, зикр дошт, ки боиси ифтихор аст, ки сарбозону афсарони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ниҳоди бонуфузу нерўи тавоно амният ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намуда, бо рафтору интизоми намунавӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ, рисолати пурифтихори хидмати содиқона ба халқу Ватани азизро бо сари баланд ба ҷо оварда истодаанд.
Таъкид шуд, ки мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ байни донишҷӯён аз рӯи шартҳои – бо қадами сафӣ гузаштан, расонидани ёрии аввал ба ҷабрдида, вазнбардорӣ, ҳаво додани норинҷак, кашидани арғамчин, гӯштини камарбандӣ, дастхобонӣ ва ба қисмҳо ҷудо намудани силоҳи оташфишон доир шуда, ҳадаф аз баргузории он тарбия намудани донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстӣ, омода намудани донишҷӯён ба хизмати ҳарбӣ, ҷалби донишҷӯён ба мусобиқаҳои ҳарбӣ – варзишӣ, баланд бардоштани омодабошии ҷисмонӣ донишҷӯён, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни донишҷӯён арзёбӣ гардид.
Ғолибони мусобиқаи мазкур бо туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа