Забон муҳимтарин рукни маданият ва фарҳанги башарӣ.
Бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон 21 феврал дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ маҳсуб мешавад.
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии забони модарӣ имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронс олимону забоншиносон доир ба мавзӯҳои “Таркиби луғавии забон ва омилҳои ғаномандии он”, “Зарурияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” , “Забони тоҷикӣ дар масири таърих ва замони соҳибистиқлолӣ” ва монанди инҳо маърӯза намуданд.
Зимни баромади маърӯзакунандагон таъкид шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб шуда, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба муқаддасоти миллӣ дохил шудааст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи ҷумҳурӣ омадааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқияте, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ менамоянд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода баранд.
Ҳадафи баргузории конфронс эҳтирому арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва ҳифзу гиромидошти он мебошад.