Ифтитоҳи кабинети таҷрибаомӯзии таълимӣ дар Гимназияи №24 – и ш.Хуҷанд бо ибтикори ДДҲБСТ
Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Гимназияи №24 –и шаҳри Хуҷанд кабинети таҷрибаомӯзии таълимӣ ифтитоҳ шуд.
Дар кушодашавии кабинети таҷрибаомӯзии таълимӣ – методӣ мудири кафедраи таърих ва диншиносӣ, д.и.т., профессор Ҳомидзода Фурқат, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Манижа Сатторова мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, н.и.т, дотсент Фирӯза Очилова, директори Гимназияи №24 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Алиева З.М. ва ҷонишини директор оид ба таълим Муллоҷонова М.Н. иштирок намуданд.
Дар кабинети мазкур донишҷӯёни курси 4 ихтисоси таърих ва ихтисоси иловагӣ (асосҳои давлат ва ҳуқуқ) таҷрибаомӯзии омӯзгории худро оғоз намуда, бо фармоиши ректори донишгоҳ оид ба оғози таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ, бо “Низомнома оид ба таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вазифаҳои таҷрибаомӯзии педагогӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар давраи таҷрибаомӯзӣ, самтҳои асоси фаъолият дар мактаб, бо нақшаи тақвимии фан, нақшаи ҳафтаинаи таҷрибаомӯзӣ, иштирок ба дарсҳои омӯзгорони мактаб ва таҷрибаомӯзон, самтҳои асосии таҳлили дарс, рӯзномаи таҷрибаомӯз шинос гардиданд.
Садорати Гимназияи мазкур барои ташкили кабинети таҷрибаомӯзӣ ва ҳамкории дуҷониба арзи сипос ва миннатдории худро баён намуд.