Устоди ДДҲБСТ “Беҳтарин муҳаққиқ”-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023 гардид

Омӯзгори факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Аълохон Бобозода сазовори ҷоизаи «Муҳаққиқи беҳтарин – 2023», миёни таҳқиқотчиёнӣ кишварҳои узви ИДМ гардид.
Ин дастовардро номбурда бо пешниҳоди мақолаи илмӣ миёни иштирокчиёни муассисаҳои мамолики узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соҳиб шуд.
Ба ин муносибат дар доираи чорабиниҳои илмӣ – маърифатии донишгоҳӣ, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба Аълохон Бобозода медали “Беҳтарин муҳаққиқи – 2023” Дипломи дараҷаи l, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома супорида шуд.
Озмуни мазкур, моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон байни мутахассисони муассисаҳои илмй-таълимии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар он аз тамоми муассисаҳои илмӣ-таълимии давлатҳои ИДМ намояндагон тариқи онлайн иштирок намуданд. Аълохон Бобозода ДДҲБСТ-ро дар озмуни мазкур намояндагӣ карда, ба гирифтани мақоми аввал комёб шуд.
Ёдовар мешавем, ки ӯ инчунин аъзои “Лигаи зиёиён” International Committee on Intellectual cooperation (ICIC) -и Академияи илмҳои табии Русия ва дорандаи Медал ва Сертификати бузургдошти Леонардо да Винчи мебошад.
Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Аълохон Бобозодаро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба номбурда дар идомаи фаъолияти илмӣ барору комёбиҳо таманно менамояд.

You might also like