Ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо ҶСП “Индиго Тоҷикистон” бештар мегардад

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати амалишавии барномаву стратегияҳои давлатӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида, ба таъсиси озмоишгоҳу марказҳои тахассусӣ эътиборӣ ҷиддӣ медиҳад.

Дар натиҷаи ҳамкории тӯлонии дуҷонибаи ДДҲБСТ бо ҶСП “Индиго Тоҷикистон” , роҳбарияти минтақавии ҶСП “Индиго Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Анвар Шарипов ба Маркази таҳсилоти рақамии ДДҲБСТ ташриф оварда, бо шароиту имкониятҳои фароҳамгардида шинос шуд.

Зимни боздид аз Маркази таҳсилоти рақамӣ  роҳбари минтақавии ҶСП “Индиго Тоҷикистон” дар вилояти Суғд аз ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода  оид ба таъсиси маркази ширкати мазкур дар Маркази таҳсилоти рақамӣ хоҳиш намуд ва бо хубӣ пазироӣ гардид. Гуфта шуд, ки таъсиси маркази нав имкон медиҳад, ки дастрасӣ ба шабакаи глобалии  Интернет бештар шуда, ҳавасмандии донишҷӯён фаъол бо стипендия, гузаронидани дарсҳои амалии тахассусиву таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва таъмини онҳо бо ҷойи кор аз ҳамкориҳои минбаъдаи ДДҲБСТ бо ҶСП “Индиго Тоҷикистон”   хоҳад буд.

You might also like