Масъалаҳои муҳими таълими забони русӣ дар замони муосир

14 декабри соли 2023 дар маҷлисгоҳи бинои 2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, конференсияи байнидонишгоҳӣ бахшида ба соли забони русӣ таҳти унвони «Масъалаҳои муҳими таълими забони русӣ дар замони муосир» баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо ташаббуси кафедраи забони русӣ ташкил ва баргузор гардид.
Дар оғози конференсия меҳмонон осорхонаи ДДҲБСТ-ро дидан намуда, дар дафтари хотирот таасуроти худро навиштанд.
Дар конференсия меҳмонон аз Маркази илм ва маданияти Русия дар шаҳри Хуҷанд н.и.и., дотсент Сатторова Ф.М., д.и.п., профессори кафедраи забони муосири русии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Гусейнова Татяна Владимировна., н.и.п., дотсенти кафедраи забони муосири русии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Самадова Илмира Назришоевна., н.и.п., дотсенти кафедраи забони муосири русии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Рамазанова Румиза, н.и.ф., дотсенти кафедраи забони муосири русии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Дӯсматова Шаҳло, н.и.п., дотсенти кафедраи забони муосири русии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Бобоҷонова Дилрабо ва дигарон иштирок доштанд. Инчунин, дар конференсияи илмӣ-методӣ аз раёсати илм ва инноватсияи ДДҲБСТ н.и.и., дотсент Самадова З.А., сардори шуъбаи таълим н.и.и., дотсент Тоҷзод Д.Х., декани факултети молия ва андоз д.и.и. Хоҷаева Д.А., мудири кафедраи забони тоҷикӣ н.и.ф., дотсент Рустамов Ш.Р. ва омӯзгорони кафедраи забони русӣ дотсент Атоева М.М., суаллимони калони кафедра Абдуғаниеа А.А., Юсупова М.И., Дадобоева Р.С. ва Юсупова З.М. ҳузур доштанд.
Конференсияи илмӣ-методиро н.и.п., мудири кафедраи забони русӣ Негматова М.М. оғоз намуда, меҳмононро муаррифӣ ва ҳадафи конфронсро баён кард.
Дар конференсияи илмӣ-методӣ аз ҷониби иштирокчиён 12 маърӯзаҳо ва гузоришҳо бо слайдҳо ва презентатсияҳо баррасӣ карда шуд. Сипас, аз тарафи донишҷӯён композитсияи адабӣ-фарҳангӣ намоиш дода шуд. Дар он донишҷӯён гуфторҳо, шеърҳо оид ба забони русӣ, дар бораи зарурат ва вазифаҳои омӯзиши забони русӣ қироат намуданд. Забони русӣ, ки забони муоширати байналмилалӣ дар Тоҷикистон мебошад, донишҷӯён дар васфи он сурудҳо дар бораи дӯстии байни Тоҷикистону Русия сароидаанд, ки ба ҳамагон писанд омад ва бо кафкӯбии бардавом истиқбол гирифта шуд.

You might also like