Ташрифи Сафири Фаронса дар Тоҷикистон ба ДДҲБСТ

Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Элза Пинол ҳамроҳи шахси масъул оид ба масъалаҳои фарҳанг ва таҳсилот Жюли Оффрэ Кариу ва директори маркази фарҳангии Фаронса дар вилояти Суғд Муқим Темуров ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварданд.
Роҳбарияти донишгоҳ меҳмононро истиқбол намуданд.Сафири Фаронса ва ҳамроҳони ӯ аз осорхона ва Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ дидан карда, бо ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода мулоқот намуданд.
Зимни сӯҳбат иброз гардид, ки ҳадаф аз ташрифи меҳмонон ба донишгоҳ шиносоии сафири тозаинтихоби Фаронса дар Тоҷикистон, ташкили Маркази дипломатия дар заминаи факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, ташкил намудани курсҳои омӯзишии забони фаронсавӣ ва ворид намудан ба барномаи таълимӣ, ба роҳ мондани табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорони ДДҲБСТ бо МТОК Фаронса, ҳамкорӣ ва иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ бо дастгирии Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва тақвияти ҳамкориҳо бо маркази фарҳангии Фаронса дар вилояти Суғд мебошад.

You might also like