ДДҲБСТ: Баргузории семинар дар мавзӯи “Ҳолати иҷрои санадҳои меъёриву ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ”

11 ноябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинар таҳти унвони “Ҳолати иҷрои санадҳои меъёриву ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ” баргузор гардид. Дар семинар муовинони ректори донишгоҳ, сардорони раёсату шуъбаву бахшҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуданд.
Муовини ректор оид ба корҳои таълими донишгоҳ Ҳаким Ғаюров баромад намуда, иброз дошт, ки семинари мазкур тибқи протоколи ҷаласаи сайёри назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28.10.2023, №05/05) оид ба вазъи коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар ҳамаи сохторҳои муассисаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар семинар инчунин ҷиҳати омӯзиши барномаю Стратегияҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф ба монанди Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020-2040, Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 сухан рафт.
Муовини ректор оид ба корҳои таълими донишгоҳ Ғаюров Ҳ. Ш. аз иштирокчиёни семинар даъват ба амал овард, ки Стратегияву барномаҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маорифро ба таври зарурӣ азхуд намуда, ҷиҳати татбиқ ва корбурди он кӯшиш намоянд.
Семинар бо саволу ҷавоб ва мулоҳизаронӣ хотима ёфт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like