Ду медали тиллои донишҷӯёни ДДҲБСТ дар мусобиқаи бокс барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шаҳбоз Ҳайитов ва Довуд Махкамов дар мусобиқа оид ба бокс байни калонсолон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд дар вазнҳои 75 ва 80 кг сазовори ҷойи аввал шуданд.
Мусобиқаи мазкур бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташкил гардида, имрӯз 10 ноябр ба анҷом расид.
Дар мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба бокс беш аз 80 нафар варзишгарон, аз ҷумла муштзанон аз ҷумҳуриҳои дўсту бародари Ўзбекистон, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа ба ғолибон-донишҷӯёни ДДҲБСТ Шаҳбоз Ҳайитов ва Довуд Махкамов медалу диплом ва маблағҳои пуливу Ҷоми мусобиқа тақдим гардид.

You might also like