Конститутсия – омили рушди давлатдории миллӣ
Ба муносибати Рӯзи Конститутсия, ки ҳамасола дар мамлакат 6 ноябр қайд карда мешавад дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти унвони “Конститутсия-омили рушди давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Дар кори конфронс роҳбарияти донишгоҳ, устодону донишҷӯён ва намояндагони мақомоту идораҳо иштирок намуданд.
Дар оғози конфронс таъкид шуд, ки 6 ноябри соли 1994 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хатҳои заррин сабт гардидааст. Зеро, дар ин санаи тақдирсоз бори нахуст тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва ин Қонуни асосии кишвар барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошт.
Илова шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беназирест, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи арзишҳои он, пояҳои давлатдориамонро боз ҳам устувору қавӣ мегардонанд. Ин санади сарнавиштсоз дар қуллаи баланди низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории мамлакат истода, таҷассумгари орзуву ормонҳои халқамон аст ва барои рушду нумӯи кишварамон, аз ҷумла, раванди демократикунонӣ, ҳуқуқбунёдии ҷомеа ва давлатамон нақши арзишманд дорад.
Баромадкунандагон иброз доштанд, ки Конститутсияи давлатамон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидаанд.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги санади олии ҳуқуқӣ – Конститутсия дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат дар назди ҳар як фарди солимфикру огоҳи кишвар вазифаҳои басо муҳим ва масъулиятнок қарор доранд, ки яке аз муҳимтарин вазифаҳо ин омӯзиш, тарғибу ташвиқи мазмун ва моҳияти Конститутсия мебошад, илова шуд дар идома.
Дар қисмати дуюми конференсия ғолибони озмунҳои донишгоҳии “Донандаи беҳтарини Конститутсия” ва “Ҳуқуқдони беҳтарин” бо диплому маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа