ДДҲБСТ: Баргузории даври донишгоҳии озмуни “Донишҷӯи сол” ва қадршиносии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ

31 октябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни “Донишҷӯи сол-2023” баргузор шуд. Аз ҷониби садорати факултетҳо донишҷӯёне, ки дар даври аввал маҳорату малакаи баланд нишон додаанд, ба даври донишгоҳӣ ширкат карданд.
Тибқи низомнома дар бораи ташкил ва баргузор кардани озмуни “Донишҷӯи сол” дар ДДҲБСТ довталабон аз рӯи шартҳои худмуаррифӣ, сатҳи дониши тахассусӣ, забондонӣ ва сатҳи донишҳои ҳуқуқиву сиёсӣ байни ҳам рақобат намуданд.
Ҳайати ҳакамон бо назардошти шартҳои озмун аз байни иштирокчиён ғолибонро муайян карданд, ки онҳо ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.
Ғолибонии даври донишгоҳии озмуни мазкур дар даври ҷумҳуриявӣ ва вилоятии озмуни “Донишҷӯи сол”иштирок хоҳанд кард.
Пас аз баргузории даври донишгоҳии озмуни «Донишҷӯи сол» ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баромад карда, иброз дошт, ки бояд сол аз сол сафи иштирокчиёни озмун зиёд гардад. Таъкид шуд, ки озмуни “Донишҷӯи сол” дар донишгоҳ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти донишҷӯёни беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, фаъолияти онҳо дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии онҳо маънидод гардид.
Роҳбари донишгоҳ ба деканони факултет супориш дод минбаъд даври факултети озмуни мазкур дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намуда, иштирокчиёни зиёдро ба даврҳои минбаъда пешниҳод созанд.
Ҳамчунин, Шарифзода М.М. иштироки донишҷӯёнро дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ мавриди таҳлил қарор дода, ғолибияти донишҷӯи курси 4-уми факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ Манучеҳр Ҳайдаровро дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” дастоварди назаррас маънидод кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш донишҷӯи ДДҲБСТ Мануҷеҳр Ҳайдаров дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” дар номинатсияи «ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ» бо дипломи дараҷаи 3-юм сарфароз гардонида шуд.
Барои ин дастовард аз ҷониби ректори донишгоҳ ба ӯ Сипоснома ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми ду ҳазор сомонӣ тақдим гардид. Ҳамзамон ба чанде аз ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ Сипосномаву маблағҳои пулӣ тақдим шуд.
Дар интиҳо аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, нуфузи донишгоҳро боз ҳам боло бардоранд.

You might also like