Мақоми ифтихории донишҷӯи донишгоҳ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ
Донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Озарахш Ҳомидов дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки аз рӯи намуди гӯштини Самбо байни ҷавонон барои дарёфти Ҷоми кохи варзишии “Ланглиф” доир шуд ба гирифтани мақоми дуюм ноил гардид. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ санаҳои 27-29 октябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи донишгоҳ Озарахш Ҳомидов дар вазни 79 кг ба ҳарифонаш пирӯз шуда, сазовори мақоми дуюм шуд.
Барои ғолибият дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба ӯ медалу диплом тақдим гардид.