ДДҲБСТ: Баргузории семинари омӯзишӣ ҷиҳати коҳишдиҳии амалҳои коррупсионӣ

26 октябри 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии аҳли ҷомеа махсусан ҷавонон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе байни кормандону донишҷӯёни донишгоҳ семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.
Дар семинари мазкур сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойзод Хушбахт, сарнозири шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймаҳбуб Турсунзода, намояндаи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Малика Ҷӯраева ва раиси ташкилоти ҷамъиятии иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд, аъзои эътилоф оид ба шаффофият ва муқовимат ба коррупсия Музаффар Бобоҷонов иштирок ва баромад намуданд.
Семинар баҳри муайян намудани самтҳои афзалиятноки муқовимат ба коррупсия, пешбинии чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии ин кирдори номатлуб, тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии воҳидҳои сохторӣ, мубодилаи таҷриба ва такмили савияи дониши кормандон, инчунин баланд бардоштани самаранокии тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ ва боло бурдани донишу маъриффати ҳуқуқии аҳли ҷомеа махсусан донишҷӯён роҳандозӣ гардидааст.
Дар семинар баромадкунандагон доир ба чораҳои муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои гуногун, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва ба ин васила паст намудани шиддати коррупсия ва татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия бо маърӯза баромад намуданд.
Семинари омӯзишӣ бо саволу ҷавоби иштирокчиён ва пешниҳодҳо хотима ёфт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like