Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ ва қадршиносии ғолибон дар донишгоҳ

Ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон байни донишҷӯён ва устодони донишгоҳ мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди футбол, волейбол, шашка ва тенниси рӯи миз ташкилу баргузор гардиданд. Мусобиқаҳои варзишӣ аз санаи 19 октябр оғоз гардида, тоба имрӯз идома кард. Дар ин мусобиқаҳо донишҷӯён аз тамоми факултетҳои донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.
Зимни ҷамъбасти мусобиқаҳо ва қадршиносии ғолибон ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иштирок намуда, машғул гардидан ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солимро аз омилҳои асосии ҷисми солим ва рӯҳи қавӣ маънидод кард. Роҳбари донишгоҳ аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки аз шароиту имкониятҳои васеи Маҷмааи варзишии донишгоҳ ба таври васеъ истифода намуда, дар мусобиқаҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявиву байналмилалӣ иштирок намоянд ва Парчами давлатиро баланд бардоранд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ғолибони мусобиқаҳо бо медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like