Коррупсия ва хатари он ба амнияту суботи ҷомеа
25 октябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва мубориза ба ин падидаи номатлубу хатарзо мулоқоти судманд доир шуд.
Вохӯрӣ ба муносибати 30- солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия доир шуда, дар қисмати аввали он хатмкардагони муваффақи факултети ҳуқуқшиносӣ- кормандони раёсати Агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дилшод Зарифӣ, Васлибек Назриён ва Ҷӯрақул Наврӯззода ба донишҷӯён аз солҳои аввали таҳсил дар донишгоҳ, шароиту имкониятҳои таълим дар замони таҳсил ва кору фаъолият дар мақомот маълумот доданд.
Онҳо иброз доштанд, ки дар вақти таҳсили онҳо чунин шароиту имкониятҳо мавҷуд набуд вале новобаста ба ин кӯшиш мекарданд, ки хонанд ва супоришҳои устодонро дар вақташ иҷро намоянд. Баромадкунандагон аз донишҷӯён даъват карданд, ки аз шароитҳои лозима ва муосири имрӯзаи таҳсил ба таври васеъ истифода баранд ва ҳуқуқшиносони варзида ба камол расида, ба давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд.
Дар қисмати дуюми чорабинии тарбиявӣ доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ сухан рафт.
Дар оғоз декани факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Шероз Тоҷибоев иброз дошт, ки яке аз мушкилотҳои доғи имрӯзае, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, амалҳои коррупсионӣ мебошад. Масъалаи мубориза бар зидди коррупсия дар тамоми давлатҳои дунё бароҳ монда шуда, таваҷҷӯҳи ҷахониён ва ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалиро дар қатори мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва маводи мухаддир ҷалб менамояд.
Сипас, намояндаи раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Дилшод Зарифӣ перомуни сабабу омилҳои ба амалҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта даст задан, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза ба он ибрози андеша кард. Ҳамчунин, намояндаи дигари раёсати Агентӣ Васлибек Назриён доир ба маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон махсусан донишҷӯён ибрози андеша намуд.
Қайд шуд, ки коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, баробарҳуқуқиро ба оҳистагӣ аз байн бурда, боварии мардумро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ коста намуда, обрӯ ва эътибори онҳоро паст мегардонад.
Коррупсия ба пешрафти ҷомеа ва рушду нумӯи он латма зада, сатҳи некӯаҳволии мардумро паст месозад. Агар ҳар як фарди Тоҷикистон ва субъектҳои мубориза бо коррупсия дар ҳамдастӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, хавфҳои ришваситонӣ дар ҷомеа кам хоҳад шуд, илова шуд дар вохӯрӣ.
Мулоқот бо саволу ҷавоб ва мулоҳизарониву пеҳниҳодҳо хотима ёфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа