Баргузории маҳфилҳои илмӣ дар донишгоҳ
Дар кафедраҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфилҳои илмӣ амал менамоянд. Дирӯз дар кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ маҳфили илмии донишҷуён бо номи «Қонуният ва адолат» баргузор гардид.Зимни баргузории маҳфили илмӣ донишҷӯён дар мавзӯҳои «Дахлнопазирии мукотиба, муросилот ва сирри шахсии оилавӣ», “Бевосита ва шифоҳӣ баргузор шудани маҷлиси судӣ”, «Амнияти иттилоотӣ» ва «Донишгоҳам ифтихорам» баромад намуданд.
Ҳамчунин, дар кафедраи фанҳои риёзӣ- табиатшиносии муосир мафили илмии донишҷўён бо номи «Математикони ҷавон» доир шуд.
Баъди баромади ҳар як маърузакунанда, устодон ва дигар иштирокчиёни маҳфил ба маърузакунандагон саволҳо дода, муҳокимарониҳо карданд.
Маҳфили илмии донишҷўён дар донишгоҳ бо мақсади тақвияти маҳорати касбӣ ва ҷамъиятӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, ташаббускорӣ, мустақилият ва масъулиятнокӣ, ҳисси эҳтирому ватандўстӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ташкил карда шудааст.