Ғолибияти устодону донишҷӯёни ДДҲБСТ дар озмуни “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат”
Донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Малика Турсунова дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” иштирок намуда, ба гирифтани ҷойи дуюм сазовор гардид.
Ҳамчунин, дар озмуни мазкур омӯзгори донишгоҳ Манижахон Ғозиева низ ширкат варзида, ба гирифтани мақоми сеюм ноил шуд. Зимни қадршиносии ғолибони озмуни “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба донишҷӯ ва омӯзгори ДДҲБСТ ҷиҳати гирифтани мақоми ифтихорӣ ба онҳо диплом ва мукофоти пулӣ тақдим шуд.
Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ғолибонро бо ин дастовард табрик намуда, барои муваффақият дар даври ҷумҳуриявӣ барору комёбӣ таманно менамояд.