Донишҷӯи ДДҲБСТ қаҳрамони бокс шуд

Донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рамазон Абдуқаҳҳорзода дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни калонсолон барои дарёфти ҷоизаи ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева аз рӯи намуди бокс иштирок намуда, ба гирифтани ҷойи аввал комёб гардид.
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди бокс санаҳои 14-20 октябри соли равон дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе доир шуда, дар он варзишгарон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Донишҷӯи ДДҲБСТ дар вазни 57 кг ба се ҳарифаш дастболо шуда, мақоми аввалро гирифт.
Барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа ба донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсатим Тоҷикистон Рамазон Абдуқаҳҳорзода медалу диплом ва камарбанд тақдим гардид.

You might also like