Баргузории озмуни “Ҳуҷраи беҳтарин” дар хобгоҳи донишгоҳ
Ба муносибати 30- солагии таъсисёбии донишгоҳ дар хобгоҳи ДДҲБСТ озмуни “Ҳуҷраи беҳтарин” доир шуд.
Озмуни мазкур бо ташаббуси Шӯрои занон ва духтарони раёсати донишгоҳ ва кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ доир гардид. Ҳамзамон дар ин рӯз ба ҷавондухтарони хобгоҳ тарз ва тартиби омода намудани оши палави миллӣ ва хуриш ба он доир шуд, ки ҳадафаш ба рӯзгордорӣ омода намудани духтарон арзёбӣ шуд.
Дар озмуни “Ҳуҷраи беҳтарин” намояндагони раёсати донишгоҳ ва кафедраи мазкур аз ҳуҷраҳо дидан карда, бо шароити буду боши духтарон шинос ва ба тозагиву озодагии ҳар ҳуҷра баҳогузорӣ намуданд.
Сипас, ғолибон муайян ва бо тӯҳфаҳои хотиравии садорати факултет қадршиносӣ шуданд.