Баргузории чорабиниҳои гуногун дар доираи ҳафтаи кафедраи сиёсатшиносӣ

Баргузории чорабиниҳои гуногун дар доираи ҳафтаи кафедраи сиёсатшиносӣ
Ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии донишгоҳ аз санаҳои 16 то 21 октябри соли 2023 ҳафтаи кафедраи сиёсатшиносӣ ташкилу баргузор гардид. Дар асоси барномаи ҳафтаи кафедра чорабиниҳо вобаста ба самтҳои таълим, илм ва тарбия ба нақша гирифта шудааст: чорабинии кушодашавии ҳафтаи кафедра, дарси кушоди ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ Комилов М. аз фанни амнияти Тоҷикистон, нишасти илмӣ дар мавзуи “Аҳамияти байналмилалии ташаббусҳои Пешвои миллат”, викторина дар мавзуи “Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон” байни донишҷӯёни курсҳои 2-юми ихтисоси сиёсатшиносӣ, озмуни иншои беҳтарин дар мавзуи “Сулҳ ва суботи сиёсӣ – омили асосии рушду пойдории ҷомеа”, маҳфили илмии донишҷуён “Сиёсатшиноси ҷавон” дар мавзуи “Нақши асарҳои Пешвои миллат дар боло рафтани худшиноси миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон”, чорабинии фарҳангӣ фароғатӣ дар Хобгоҳи донишгоҳ, чорабинии тарбиявӣ дар мавзуи “Хатари ифротгароӣ ва терроризм ба суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи муосир” ва қадршиносии иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои ҳафтаи кафедра.
Санаи 16-уми октябр дар Маркази таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат аз тарафи ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ Комилов М. дарси кушод аз фанни амнияти Тоҷикистон дар мавзуи «Терроризм – воситаи тарсу даҳшатангезӣ ва таҳдид ба амнияти милии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар дарси кушод мудири кафедраи сиёсатшиносӣ н.и.с., дотсент Саидзода Ш.Ш., дотсенти кафедра Солихоҷаева С.А., муаллимаи калон Саидова М.А. ва ассистент Миралиева М. иштирок ва таҳлил намуданд. Дарси кушоди ассистент Комилов М.М. дар мавзуи «Терроризм – воситаи тарсу даҳшатангезӣ ва таҳдид ба амнияти милии Тоҷикистон» бо иштироки донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси 1-23.01.06.01 – сиёсатсишосӣ (фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ) баргузор гардид.
Дар Маркази таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат санаи 17 октябр нишасти илмӣ дар мавзӯи «Аҳамияти байналмилалии ташаббусҳои Пешвои миллат» ташкил ва баргузор гардид. Дар нишасти илмӣ мудири кафедраи сиёсатшиносӣ н.и.с., дотсент Саидзода Ш.Ш., дотсентони кафедра Одинаев А. ва Якубов Ҷ.К., муаллимаи калони кафедра Саидова М.А., ассистент Комилов М.М., намояндаи раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионии донишгоҳ Сатторова М., муовини декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Нурмаҳмадов Ю.Ш., муаллимаи калони кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ Мирмаматова Р. ва донишҷӯёни ихтисосҳои сиёсатшиносӣ ва фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ иштирок доштанд.
Дар нишасти илмӣ ба шахсияти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, барои боло бурдани обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши роҳбари кишвар дар ин самт муҳим арзёбӣ карда шуд. Дар нишаст мудири кафедраи сиёсатшиносӣ Саидзода Ш.Ш. қайд намуданд, Президенти кишвар тавассути панҷ ташаббуси ҷаҳонии худ бори дигар муайян намуданд, кишвари Тоҷикистон дар баробари ҳалли масъалаҳои дохилӣ, инчунин дар ҷодаи ҳалли муаммоҳои умумибашарӣ нақши ҳалкунанда дорад. Дотсентони кафедраи сиёсатшиносӣ Одинаев А. ва Якубов Ҷ.К. дар баромадҳои худ ҷиҳати ташаббусҳои Пешвои миллат доир ба масъалаи об ибрози андеша намуда, хусусиятҳои шифобахшии об ва муаммоҳои ҷойдошта дар ин самтро қайд намуданд ва пешниҳоди кишварро маҳз дар самти об барои боло бурдани нақши кишвар дар сатҳи байналхалқӣ муҳимтарин омил донистанд. Дар рафти нишасти илмӣ донишҷӯён низ фикру ақидаҳои хешро нисабти ташаббусҳои Пешвои миллат доир ба масъалаи об қайд карданд. Инчунин, муаллимаи кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ Мирмаматова Р. ва ассистенти кафедари сиёсатшиносӣ Комилов М.М. низ дар идомаи суханрониҳои донишҷӯён ҳамроҳ шуда, назару андешаҳои худро бобати мавзӯи баррасишаванда қайд намуданд. Нишаст дар фазои хуби илмӣ баргузор карда шуд.

Дар идомаи ҳафтаи кафедра санаи 18 октябр дар синфхонаи 519 викторина дар мавзӯи «Дастоварҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон» ташкил ва баргузор карда шуд. Викторина байни донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси сиёсатшиносӣ ва донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуд. Дар викторина донишҷӯён ба ду гурӯҳ-даста тақсим шуда, байни ҳам рақобат намуданд. Саволномаҳои вокторина аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба дастаҳо пешниҳод гардида, мувофиқи ҷавоби дастаҳо холгузорӣ карда шуд. Дар викторина донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, бо назардошти ҷавоби дастаҳо дар охир ҳар ду даста бо ҳам холҳои якхеларо ба даст оварданд.
Худи ҳамон рӯз дар синфхонаи 401 озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «сулҳ ва суботи сиёсӣ – омили асосии рушду пойдории ҷомеа» байни донишҷӯён ташкил ва баргузор карда шуд. Дар озмуни иншо зиёда аз 15 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Озмуни мазкур баҳогузорӣ карда шуда, натиҷаи баҳои соҳибшудаи донишҷӯён дар лавҳаи эълонҳо гузота шуд.
Санаи 19 октябр дар Маркази таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат маҳфили илмии донишҷӯён – «Сиёсатшиноси ҷавон» дар мавзӯи «нақши асарҳои Пешвои миллат дар боло рафтани худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон» баргузор гардид. Дар нишаст сараввал донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси сиёсатшиносӣ Болтазода Қурбонсаид дар мавзӯи
«Нақши асарҳои Пешвои миллат дар боло рафтани худшиносии ҷавонон» маърӯзаи илмӣ намуд. Донишҷӯ дар маърӯзаи худ қайд намуд, ки асарҳои Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон барои боло рафтани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии ҷавонон маводи илмӣ ба ҳисоб меравад. Асарҳои Пешвои миллат хусусияти таълимиву тарбиявӣ дошта, ҳар ҷавони кишварро барои огоҳӣ аз таъриху фарҳанг ва худшиносии онҳо даъват менамояд. Баъдан донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ Комилова Мадина дар мавзӯи «Забони миллат – ҳастии миллат» маърӯзаи илмӣ намуд. Дар маърӯза доир ба асари Пешвои миллат – «Забони миллат – ҳастии миллат» аз ҷониби донишҷӯ маълумотҳои муфассал оварда шуд. Донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ Дӯстов Ҳикматулло бошад дар мавзӯи «Тоҷикон дар оинаи таърих» маърӯза намуд. Аз ҷониби донишҷӯ Дӯстов Ҳикматулло оид ба асар маълумоти мухтасар дода шуд. Қайд гардид, ки мақсад аз таълифи асари мазкур аз нав зинда кардани номи бузургон ва қаҳрамонони миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Акрамзода Соҳиба – донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар мавзӯи «Аҳамияти асарҳои Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ» баромад намуд. Донишҷӯ дар баромади худ шеърҳо дар васфи забон қироат намуда, инчунин нақши асари Пешвои миллат «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро воситаи муҳим барои шинохт ва гиромидошти забони тоҷикӣ муҳим қайд намуд.
Инунин, худи ҳамон рӯз соати 18:00 дар Хобгоҳи донишгоҳ маҳфили фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар маҳфил мудири кафедраи сиёсатшиносӣ Саидзода Ш.Ш., дотсентони кафедра Қобилова С.Я. ва Солихоҷаева С.А., муаллимаҳои калон Саидова М.А. ва Ҳошимова Н.А., ассистент Комилов М.М. ва донишҷӯёни хобгоҳ иштирок доштанд. Дар маҳфил ба донишҷӯён аз таърихи донишгоҳ маълумоти мухтасар дода шуда, қайд гардид, ки миқдори зиёди омӯзгорони кафедраи сиёсатшиносӣ маҳз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм намуда, имрӯз ба сифати омӯзгор кор ва фаъолият намуда истодаанд. Дар идомаи маҳфил намоядаи дастаи «Ошёни меҳр»-и донишгоҳ – донишҷӯи курси сеюми ихтисоси фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ иштирок намуда, бо сурудҳои худ маҳфили мазкурро боз ҳам зебо намуд. Дар охири маҳфил ба донишҷӯёни фаъол барои иштироки фаъолона дар ҳафтаи кафедра ифтихорномаҳо супорида шуд.

Дар санаи 20 октябр дар синфхонаи 410 чорабинии тарбиявӣ дар мавзӯи «Хатари ифротгароӣ ва терроризм ба суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи муосир» ташкил ва баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ дотсентони кафедраи сиёсатшиносӣ Одинаев А. ва Якубов Ҷ.К., муаллимаи калон Саидова М.А. ва ассистент Комилов М.М. ва донишҷӯёни ихтисосҳои сиёсатшиносӣ ва фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ муаллимаи калони кафедра Саидова М.А. суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки дар доираи ҳафтаи кафедраи сиёсатшиносӣ, ки ба муносибати 30-юмин солгарди таъсистёбии донишгоҳ чорабиниҳои мухталиф ташкил ва баргузор гардида истодааст ва имрӯза чорабинии тарбиявии мо низ маҳз дар ин замина мебошад. Сипас, дотсени кафедра Одинаев А. ба сухан баромада аз таърихи пайдоиши терроризм, мафҳум ва моҳияти он, хусусият ва оқибатҳои ногувори он ба донишҷӯён маълумот доданд. Дар баромад қайд гардид, ки вазияти имрӯзаи ҷаҳон бисёр ҳассос буда, аз ҳар як донишҷӯ ҳушёр ва зирак буданро талаб дорад, аз ин лиҳоз Шумо – донишҷӯён ҳамеша аз паи донишазхудкунӣ буда, фирефтаи ҳар гуна созмон ва ҳаракатҳои ифротиву террористӣ нашавед. Дар идомаи чорабинӣ асистенти кафедра Комилов М.М. низ суханронӣ намуд. Дар суханронӣ қайд гардид, ки дар ҷаҳони муосир дар баробари рушду инкишоф имрӯзҳо зуҳуротҳои номатлуб низ пайдо мешаванд, ки барои амнияти шахс, ҷомеа ва давлат хатар доранд. Яке аз чунин зуҳуротҳо терроризм ва ифротгароӣ буда, барои мубориза алайҳи он фаъолияти дастаҷамъӣ, дониши кофии диниву дунявӣ, маданияти баланди таҳлилӣ ва зиракиву ҳушёрии сиёсӣ зарур ҳисобида мешавад.

You might also like