Саҳми хатмкардагони ДДҲБСТ дар рушди илми тоҷик

Имрӯз дар маҷлисгоҳи №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ мизи мудаввар таҳти унвони “Саҳми хатмкардагони ДДҲБСТ дар рушди илми тоҷик” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар роҳбарияти донишгоҳ, садорати факултетҳо ва хатмкунандагони аввалин иштирок ва баромад карданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода М.М. саҳми хатмкардагони донишгоҳро дар рушди илми тоҷик назаррас арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки хатмкардагони донишгоҳ имрӯзҳо дар мақомоту идораҳои бонуфузи мамлакат фаъолияти назаррас доранд. Дар баробари иҷрои вазифаҳои пурмаҳсул аксарияти онҳо корҳои илмиву таҳқиқотӣ анҷом дода, сазовори унвонҳои илмӣ шудаанд.
Дар идома, доктори илмҳои иқтисодӣ, аввалин хатмкунандаи донишгоҳ Далер Дадоматов дар мавзӯи “Аз донишҷӯи то ба дараҷаи баланди илмӣ”, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ Шӯҳрат Саидзода дар мавзӯи “ДДҲБСТ-ҷодае аз комёбиҳост”, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия Ботурхӯҷа Қобилов зери унвони “Саҳми илми ҳуқуқ дар тарбияи кадрҳои илмии факултети ҳуқуқшиносӣ”, муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва барномарезии донишгоҳ, Аълохон Бобозода бо номи “Дастовардҳои илмӣ-техникии самти илмҳои дақиқ” ва докторанти донишгоҳ Муҳиба Ҳасанова дар мавзӯи “Самараи фаъолияти касбӣ дар ДДҲБСТ” маърӯза намуданд.

You might also like