Донишгоҳи мо-ифтихори мо
Имрӯз бо ибтикори садорати факултети ҳуқуқшиносӣ бахшида ба таҷлили 30- солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар факултет озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони “Донишгоҳи мо – ифтихори мо” байни донишҷӯёни шуъбаи рӯзона баргузор гардид. Дар озмуни мазкур зиёда аз 30 нафар донишҷӯёни лаёқатманд иштирок намуда, таасуроти худро оиди дастовардҳои донишгоҳ баён намуданд.
Ғолибони озмуни мазкур қадршиносӣ хоҳанд шуд.