Хурофоту бегонапарастиро маҳкум мекунем
Дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти модарони ваҳдатсаро бо донишҷӯёни донишгоҳ доир шуд. Вохӯрӣ тибқи Нақшаи баргузории вохӯриву мулоқоти ҳайати Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таҳти унвони “Хурофоту бегонапарастиро маҳкум мекунем”, баргузор гардид.
Дар мулоқот дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи донишгоҳ Назира Ғаффорӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ, Шаҳноза Норматова ва мудири бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Шарафнисо Олимбоева иштирок ва баромад карданд.
Баромадкунандагон таъкид карданд, ки хурофотпарастӣ ва ё хурофотзадагӣ ҷузъи рафтории қишрҳоест, ки ба бунбасти тафаккури танг ва худшефтагии таассубвор гирифтор шуда, бо мушкилтарошӣ ва монеаэҷодкунии сунъӣ ва сохта ҳаракати ҷомеаро бозмедоранд. Аз лиҳози мантиқӣ, «хурофот» маънои эътиқоди шахшуда ва одатшудаи дурӯғин мебошад, ки дорандаҳои ин тарзи бархӯрдро ба мавқеъгириҳои гӯё «ҳақбаҷонибона» муттаҳид кардааст. Яксӯбинӣ хислати афроди хурофотпараст аст, ки дорандаҳои ин хусусияти зишти рафториро дар ботлоқи андешаи ботил ва амали нораво андохта, маҷоли пешравиро ба онҳо намедиҳад. Хурофот андешаву ақидаест, ки на асоси динӣ дорад ва на асоси илмӣ. Як бовару хаёли кӯркӯрона асту халос илова гардид дар идомаи мулоқот.
Ҳамзамон, онҳо аз хобгоҳи донишгоҳ дидан намуда, оиди шароити буду бош, зиндагии донишчуён огоҳӣ пайдо карданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа