Хобгоҳ: Тақвияти маҳфилҳои рӯзгордорӣ
Дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади эҳё намудани анъана ва расму оинҳои миллӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, санҷидан ва сайқал додани малакаи ҳаётии ҷавонон ва ба рӯзгордорӣ омода намудани онҳо маҳфили пухту паз баргузор гардид.
Маҳфили мазкур бо ибтикори бахши кор бо занон, духтарон ва ҳунарҳои мардумиву кафедраи маркетинг – агробизнес доир шуда, дар он ба ҷавондухтарони хобгоҳ тарзи омода намудани ширинии “Чак-чак” омӯзонида шуд.
Таъкид шуд, ки ҷавондухтаронро лозим аст дар баробари омӯзиш ва аз худ намудани машғулиятҳои дарсӣ ба ҳунаромӯзӣ ва омода кардани таомҳои гуногун машғул гарданд.