Густариши ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо донишгоҳҳои Белоруссия

Дар таърихи навини давлатдориамон ба шарофати сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими робитаҳои дуҷониба ва истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамчун ифодаи равшани татбиқи сиёсати берунаи дарҳои кушод густариш ёфта, ҳавзаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон васеъ мегардад. Дар доираи сиёсати «Дарҳои боз» ва гуфтушунидҳо муайян гардидани самтҳои афзалиятноки робитаҳои байналхалқӣ дар соҳаи илму маориф, имкон фароҳам овард, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти байналмилалиро бо шарикон ва ҳамкорони хориҷӣ густариш бахшад. Дар ин раванд бо зиёда аз 80 муассисаҳои таълимиву Марказҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Санаҳои 05-06 октябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии радиотехника ва информатикаи шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид. Дар Форум Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 14 нафар ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок доштанд.
Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон профессор Шарифзода М.М. дар мавзӯи “Рушди муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамчун фактори таъмини сифати таҳсилот” (Развитие международного сотрудничества, как фактор обеспечения качества образования), ки дар бинои асосии Донишгоҳи миллии техникии Беларус баргузор гардид, баромад намуд. Дар баромади худ ректори донишгоҳ зикр кард, ки густариш бахшидани ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ бо ҳамкорони хориҷӣ натиҷаҳои хубе ба бор овард. Сатҳу сифати таҳсилот баланд гардида, чанде аз ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардиданд. Ҳамкориҳои байналмилалии мо ба таъмини сифати барномаҳои таълимӣ ва таҳсилот мусоидат намуда, як қадами устувор дар роҳи ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ва рейтинги байналмилалӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбад.
Дар интиҳо Мумин Шарифзода аз шароиту имкониятҳои таҳсил дар донишгоҳ ҳарф зада, зикр дошт, ки мо омода ҳастем, ки бо Шумо ҳамкориҳои самаранокро ба роҳ монем.
Дар форум байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Белорус шартномаҳои тарфайн ба имзо расиданд Бахусусс, байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва 9 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Белорус, аз ҷумла: Донишгоҳи давлатии иқтисодии Белорус, Донишкадаи фаъолияти соҳибкории Белорус, Донишкадаи байналмилалии идоракунӣ ва соҳибкорӣ, Донишгоҳи ҳуқуқ ва техлоногияҳои иҷтимоӣ-иттилоотии Белорус, Донишкадаи парламентаризм ва соҳибкории Белорус, Донишгоҳи давлатии Баранович, Донишгоҳи давлатии Полотск ба номи Е. Полотск, Донишгоҳи миллии техкинии Белорус ва Донишгоҳи давлатии Гродно ба номи Янка Купала.
Ҳадафи асосии ба имзо расонидани шартномаҳои тарафайн ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмию таълимӣ, коркарди усулҳои нав барои беҳтар намудани сифати таҳсилот, табодули устодони варзида барои тадриси донишҷӯён, дар робита бо тадқиқоти илмӣ анҷоми корҳои илмию тадқиқотии муштарак, ҳимоя кардани рисолаҳои илмӣ, иштирок дар конференсияҳои илмию амалӣ ва илмию назариявӣ, ҳамоиш ва семинарҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, асарҳои илмию тадқиқотӣ, дастурҳои таълимӣ, ва ба ин васила ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилот ва таҳкими иқтидори илмиву таълимии донишгоҳ равона гардидааст.

 

You might also like