Забон – муҳимтарин арзиш ва муқаддасоти давлатдории миллӣ

Имрӯз, 5 октябр дар мамлакат Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар маҷлисгоҳи №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию назаривӣ таҳти унвони “Забон – муҳимтарин арзиш ва муқаддасоти давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои таълими донишгоҳ Ҳаким Ғаюров ифтитоҳ карда, иброз кард, ки забон дар ҳама давру замон ҳамчун ойинаи таърих, дунёи маънавӣ ва хиради халқу миллатро дар худ таҷассум намуда, дар шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ, боло рафтани эҳсоси худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа, таҳким бахшидани пояҳои давлату давлатдорӣ ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани миллат нақши арзанда мегузорад.
Дар идомаи кори конференсия дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ Солеҳбой Кенҷаев дар мавзӯи “Забони тоҷикӣ ва таҳаввулоти ҷаҳонии он”, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии МТД Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Ҳалимҷон Зоиров таҳти унвони “Забон ва нигориши насри классикӣ”, директори нашриёти “Дабир”и ДДҲБСТ, дотсент Нурихон Охунҷонова дар мавзӯи ““Забони миллат-ҳастии миллат” асари мондагор дар самти омӯзиши забон” ва мудири кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ, дотсент Шавкат Рустамов дар мавзӯи “Имло ва масъалаҳои таҳаввули алифбои забони тоҷикӣ” маърӯза намуданд.
Дар конференсия таъкид шуд, ки забони ширину шевои тоҷикӣ дар ҷараёни рушду инкишофи худ аз замонҳои дури таърихӣ ҳамчун омили муҳимтарини муттаҳидкунанда, унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо роҳи душвору пурпечутобро сипарӣ карда, дар замони муосир низ ба сифати яке аз пояҳои бунёдии давлатдорӣ дар таҳкими ваҳдату иттиҳоди аҳли ҷомеа хизмат мекунад.
Дар анҷом аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳифзу беолоиш нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ саҳмгузор бошанд.

Шуъбаи таҳлил ва роиба бо ҷомеа

You might also like