Нашъамандӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он
Дар Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ бо мақсади дар амал тадбиқ намудани Стратегияи милли оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2021-2030 аз ҷониби кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия чорабинии тарбиявӣ баргузор шуд.
Чорабинии тарбиявиро мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия н.и.х. Қобилов Б.К. оғоз намуда, ба иштирокчиён доир ба мақсади ташкили чорабинӣ, нашъамандӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он ба донишҷӯён маълумот дод. Муаллими калони кафедраи мазкур Пӯлотов К.И. дар мавзӯи “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2021-2030: мақсад ва хадафхои он” бо маърӯза баромад намуда, доир ба мақсади қабули Стратегия, нақша чорабиниҳои амалисозии он маълумоти муфассал дод.