Бузургдошти Рӯдакиву Мавлоно дар ДДҲБСТ

22–юми сентябри соли 2023 дар толори китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба гиромидошти Рӯзи Рӯдакӣ ва Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ–ифтихори миллати тоҷик” дар ҳамҷоягӣ бо омӯзгорони кафедраи забони тоҷикӣ маҳфили илмӣ–адабӣ баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ намояндаи раёсати донишгоҳ, мутахассиси нашриёти “Дабир” Охунҷонова Нурихон баромад намуда, қайд кард, ки дар бақову пойдории забони тоҷикӣ саҳми сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ниҳоят бузург аст. Дар замони имрӯз баҳра бардоштан аз панду ҳикматҳои Устод Рӯдакӣ ва онро дар зиндагӣ мавриди истифода қарор додан аҳамияти калон дорад.
Сипас, профессори кафедраи забони тоҷикӣ Шокириён Туғрал Сироҷ бо маърӯзаи “Яъқуб ибни Лайс–сарпарасти забони тоҷикӣ” – сухан карда гуфт, ки забони ҳар қавму миллат мояи ифтихор ва саодати ҳуввияти ӯст. Зеро маҳз забон аст, ки аз мавҷудияти ин ё он миллат башорат медиҳад ва ҳастии миллатро ба дуриҳои дур мебарад.
Дар идома, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Раҳматова Дилрабо бо маърӯзаи “Андешҳои ахлоқӣ дар “Маснавии маънавӣ”–и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” баромад намуда, иброз дошт, ки Мавлоно Балхӣ аз нобиғагони назми классиикии форс-тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун тараннумгари беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст.Ӯ инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқ ва иттиҳоду ҳамбастагии онҳоро талқин ва тарғиб менамуд.
Сипас, порчае аз филми “Қисмати шоир ” гузошта шуд, ки он ҳаёт ва фаъолияти шоири бузургро тасвир менамуд.
Дар интиҳо маҳфили илмӣ–адабиро қироати шеър аз эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби аъзоёни махфили “Дӯстдорони китоб” ҳусни анҷом бахшид.
Ҳамчунин дар дигар кафедраҳои донишгоҳ низ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ маҳфилҳои адабиву тарбиявӣ ташкилу баргузор гардиданд.

 

You might also like