ФФТ барои такмили таҷрибаи омӯзгорони риштаи варзиш чораандешӣ менамояд

Давоми ду рӯз мешавад, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ҷалби омӯзгорони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва устодони риштаи варзиш семинари омӯзишӣ доир намуда истодааст. Ҳадаф аз ташкил ба баргузор намудани семинари омӯзишӣ баланд бардоштани савияи дониши мураббиён ва соҳиб гардидан ба литсензияи дараҷҷаи “Д” арзёбӣ мегардад.
Масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин рӯзҳо дар синфхонаҳои барҳавои Маркази таҳсилоти рақамӣ ва майдони футболи донишгоҳ, ки дорои шароиту имкониятҳои зарурии гузаронидани семинари омӯзишиву таълимӣ мебошад, корбарӣ намуданд.
Семинари омӯзишӣ дар ДДҲБСТ то санаи 25 сентябр идома хоҳад кард.

You might also like