ДДҲБСТ: Баргузории чорабинии тантанавӣ ва конференсияи илмӣ ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинии тантанавӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз шуд. Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода тамоми иштирокчиёнро ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки дар ҳақиқат Истиқлоли давлатӣ дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи бузурги таърихӣ ба ҳисоб рафта, аз ибтидои ин марҳилаи тақдирсоз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамон раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсию иҷтимоии кишвар ба роҳ монда шуд, ки ин падида шоистаи арҷгузорист.
Ҳамзамон мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ва намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Абдусабури Абдуваҳҳоб иштирокчиёнро ба ифтихори солгарди Истиқлоли давлатӣ шодбош намуданд.
Дар доираи чорабинии тантанавӣ конференсияи илмӣ таҳти унвони “Истиқлол-сарчашмаи пешрафту комёбиҳо” баргузор гардид, ки дар он як қатор устодону кормандон ва донишҷӯён баромад карданд.
Дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи донишгоҳ Ботурхуҷа Қобилов дар мавзӯи “Истиқлоли давлатӣ-заминаи рушди қонунгузории миллӣ” баромад карда, иброз дошт, ки воқеан, дар замони соҳибистиқлолӣ чандин санадҳои муҳими давлатӣ рӯи кор омаданд, ки аҳамияти муҳимро доро мебошанд. Дар баробари таҳкими қонунгузории миллӣ, тасвиби чандин амру фармонҳо дар тақвияти раванди ташаккули андеша ва худшиносии миллӣ, таҳкими асосҳои ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ва заминаи маънавии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Дар идома, дотсенти кафедраи хадамоти гумрук Равшан Каримов дар мавзӯи “Рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ” баромад кард. Қайд шуд, ки дар фалсафаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷоди низоми ҷадиди иқтисодӣ – низоме, ки ба таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ мусоид бошад ва барои пайвастани иқтисодиёти кишвар ба низоми ҷаҳонии иқтисодӣ роҳро ҳамвор менамояд, аз аслҳои бунёдгузор ба шумор меравад. Имрӯз, тафсири дастовардҳои иқтисодиёти Тоҷикистон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки кишвари азизамон дар роҳи дурусту солими сиёсати иқтисодӣ ва рушду нумўъ қадам мезанад. Кори конфронсро мудири бахши ҷавонони донишгоҳ Дилшод Саломов дар мавзӯи “Ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ-иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа” идома дод. Зикр гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷўҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Қабули чандин санадҳо доир ба сиёсати давлатии ҷавонон, таъсис додани ҷоиза, стипендияи Президентӣ, расман эълон гардидани Рӯзи ҷавонон, мунтазам роҳандозии фестивалҳои дӯстии ҷавонон аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадафҳои шоиста дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон арзёбӣ мегардад.
Пас аз маърӯзаи баромадкунандагон ба ифтихори солгарди навбатии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор устодону кормандон ва ғолибони озмунҳои илмиву таълимӣ ва тарбиявӣ бо Диплому Ифтихорнома ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.

                                                                                                                       Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like