Баргузории чорабиниҳои мухталиф ба ифтихори солгарди навбатии Истиқлоли давлатӣ дар донишгоҳ
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои мухталиф ташкил ва баргузор гардида истодаанд.
Чунин як чорабинӣ имрӯз дар факултети молия ва андоз бо иштироки собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муаллимаи дараҷаи олӣ, аълочии маъорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали Хизмати шоиста, Неъматова Мукаррама Негматовна., мутахассиси шӯъбаи илм ва инноватсия Бобоева П., декани факултети молия ва андоз д.и.и., дотсент Хоҷаева Д.А., мудири кафедраи молия ва қарз н.и.и., дотсент Каримова М.И., дотсенти кафедра Раҳимова Н.Ш. ва аҳли омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет чорабинии илмӣ-тарбиявӣ таҳти унвони «Тоҷи шарафу нишони мо Истиқлол » баргузор гардид.
Меҳмони чорабинӣ Неъматова М.Н. ҳамаи иштирокчиёнро бо 32 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда қайд кард, ки маҳз ҷавонони боистеъдоту лаёқатманд метавонанд ватани азизамон Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо гардонанд ва барои ин онҳо бояд ҳамеша кӯшиш намоянд.
Чорабинии илмӣ-тарбиявӣ аз тарафи декани факултети молия, д.и.и., дотсент Хоҷаева Д.А. ҷамъбаст гардида, меҳмони чорабини қадрдонӣ карда шуданд.
Ба ифтихори солгарди навбатии Истиқлоли давлатӣ инчунин дар кафедраи забони русӣ озмуни “Шеърхони беҳтарин” гузаронида шуд. Дар он донишҷӯёни соли аввали факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, молия ва андоз, бизнес ва иқтисодиёти байналмилалӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ иштирок намуда, дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Истиқлол, Ваҳдат шеърҳо қироат карданд. Ғолибони озмун дар чорабинии тантанавии донишгоҳӣ қадршиносӣ хоҳанд шуд.
Баргузории чорабиниҳо ба ифтихори 32-солагии Истиқлоли давлатӣ дар донишгоҳ идома дорад.