ДДҲБСТ: Китоб–ҳастии инсон ва нигоҳдорандаи таъриху тамаддуни кишвар

4 сентябри соли равон дар саҳни бинои китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон библиомарафон бахшида ба Рӯзи китоб, 30–солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва 32–юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ таҳти унвони “Китоб–ҳастии инсон ва нигоҳдорандаи таърихи тамаддуни кишвар” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Тӯрақул Ризоқулов, номзади илмҳои филологӣ дотсент, Раҳматова Д.А. ва номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент Ахмедова М.А. иштирок доштанд.
Сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Ризоқулов Т.Р. оғоз карда, қайд намуд, ки китоб ганҷи бебаҳо, махзани илму дониш, панду ҳикмат ва роҳнамову ҳамнишини беҳтарин аст. Ҳар нафа¬ре, ки китобхониро пеша мекунад, аз ӯ дар оянда ҳатман шахси некному фарҳангдӯст ва бомаданият ба воя мерасад.
Сипас, маърӯзаи китобдори китобхонаи илмии донишгоҳ Умеда Умарова дар мавзӯи “Калиди дари илму кошонаи маърифат” шунида шуд. Дар маърӯза иброз шуд, ки китоб падидаест, ки тавассути он инсон аз бадахлоқӣ, муҳтоҷӣ, ғаму дард озод ме¬гардад. Кулли бузургони олам, амсоли Арасту, Хайём, Сино, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ маҳз тавассути му¬толиаи китоб ба мақомҳои баландтарин расидаанд.
Дар идома маърӯзаи номзади илмҳои филологӣ Раҳматова Д.А. дар мавзӯи “Махзани дониш” ироа гардид. Иброз шуд, ки китоб натанҳо аз насл ба насл дониш, маданият, таҷрибаи ҳосилкардаи инсонро интиқол медиҳад, балки барои таълиму тарбияи аҳли ҷомеа имкониятҳои зиёдро фароҳам меоварад. Китоб таъсири ка¬лони тарбиявию дарккуниро дорад. Бисёр шахсиятҳои бузург, аз қабили олимон, файласуфон, шоирон, нависандагон ба китоб ҳамчун муаллими бузург ва рафиқ баҳо дода, ҷа¬вононро даъват кардаанд, ки аз овони кӯдакӣ ба китобхонӣ одат кунанд.
Ҳамзамон, аъзои маҳфили “Дустдорони китоб” донишҷӯи бахши 2–юми факултети ҳуқуқшиносӣ Абдуллоева Марворид дар мавзӯи “Хуштар зи китобдар ҷаҳон ёре нест” шунида шуд. Дар маърӯза қайд гардид, ки воқеан китоб гаронбаҳотарин ашёе мебошад, ки мавриди хондани он ҳамаи зеҳни инсонӣ равнақ ёфта дар зиндагии инсон барои пешрафт нақши асосиро дорост.
Баъдан, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Мадалиева Шамсия, Ҳасанова Моҳҷабин сухан карданд ва ҳидоят намуданд, ки донишҷӯён низ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намоянд.
Дар охир мувофиқи барнома намоиши китоб таҳти унвони “Сайри олами китоб” ташкил гардида, донишҷӯёни бахши аввал бо китобҳо ва хизматрасониҳои китобхонаи илмии донишгоҳ маълумот гирифтанд.
Дар ҷамбасти библиомарафон директори китобхонаи илмӣ Гулнора Ҳайдарова қайд кард, ки воқеан китоб дар ҳама давру замон барои пешрафту рушди шахсият ва ҷамъият василаи асосию беҳтарин ба ҳисоб мерафт, калиди дари илму кошонаи маърифат, асоси хираду зако¬ват, ганҷинаи фарҳангу нуру зиё, тарғибгари шодиву ободӣ, ҳаёти хурраму пурнишот китоб аст.

                                                                                                                       Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like