Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ дар ДДҲБСТ
01 сентябри соли 2023 саҳни бинои таълимии № 2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон идгоҳеро мемонд. Зеро устодон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳ барои оғози соли нави таҳсили 2023-2024 ва истиқбол аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҷамъ омада буданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Темур Туйчизода иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ табрик намуданд.
Сипас ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иштирокчиён, корманду устодон ва донишҷӯёнро бо оғози соли нави таҳсил шодбош намуда, зикр кард, басо рамзист, ки имсол дар фазои бошукўҳи идона, ифтихор аз музаффариятҳои паёпай, рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, омодагиҳои рўҳафзо ва фараҳмандӣ аз корҳои созандагию бунёдкорӣ ба хотири истиқболи солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, соли нави таҳсили 2023-2024 оғоз меёбад. Ҳамасола, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани Рӯзи дониш рамзи арҷгузорӣ ба илму дониш маҳсуб ёфта, ин падидаи нек ба сӯи омилҳои тақдирсози давлату миллат – хираду маърифатпарварӣ ҳидоят менамояд. Дастуру ҳидоятҳои созандаи Роҳбарияти олии мамлакат боиси дарёфт ва эҷоди муносибатҳои сифатан нав дар зинаҳои таҳсилот гардида, илҳомбахши фаъолияти пурсамари ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба ҳисоб меравад, илова кард роҳбари донишгоҳ.
Илова шуд, ки соли таҳсили 2022-2023 барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ соли пурбарор ва хотирмон ба ҳисоб меравад. Дар ин давра бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор додани бинои Маркази таҳсилоти рақамӣ бо шароити муосири таълим, узви ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё гардидани донишгоҳ, ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ, ғолибияти донишҷӯён дар даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ, баргузории ҳамоишу конфронсҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ аз руйдод ва дастоварҳои назаррас ба ҳисоб меравад. Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади дастгирии моддӣ ва маънавии донишҷӯён бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ 3 нафар довталабоне, ки тариқи имтиҳоноти маркази миллии тестӣ дар марҳилаи аввали қабул бо холҳои баланд сазовори номи донишҷӯи донишгоҳ гардиданд, аз пардохти маблағи хониш пурра озод шуда, 20 нафари дигари онҳо барандаи Стипендияи Раёсати донишгоҳ гардиданд.
Сипас, хатмкардаи донишгоҳ Дилангез Холова ва Масрура Маюсуфова-донишҷӯи соли аввали донишгоҳ, довталабе, ки ҷиҳати гирифтани бали баландтарин тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДДҲБСТ аз пардохти маблағи хониш озод гардид, баромад карда изҳори сипосу миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд.
Дар интиҳо ба донишҷӯёни соли аввал, ки ба гирифтани холҳои баланд комёб гардида, донишҷӯи ДДҲБСТ шудаанд, Ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ ва шаҳодатномаҳои Стипендияи раёсати донишгоҳ тақдим гардид.
Пас аз чорабинӣ устодон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳ дар маҷлисгоҳу синфхонаҳо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ сарҷамъона тамошо карданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа