Муборакбодӣ!

 Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Боиси хушнудист, ки ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардонида шуданд.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз ин дастоварди ректори донишгоҳ  Шарифзода Муъмин Машокир ифтихорманд буда, табрикоти хешро баён медорад.

Ҳайъати профессорон, устодон ва кормандони донишгоҳ ба Устод дар фаъолияти минбаъдаашон бурдбориву комёбиҳои беназир таманно менамоянд.

Ордени Шараф дараҷаи II муборак!

https://khovar.tj/2023/08/imr-z-prezidenti-um-urii-to-ikiston-emomal-ra-mon-ba-isti-boli-ashni-32-solagii-isti-loliyati-davlat-ba-namoyandagoni-kasbu-kori-gunogun-mukofot-va-unvonu-oiza-oi-davlat-suporidand/

You might also like