ДДҲБСТ: Аксияи тозагӣ бахшида ба Рӯзи дониш

26 августи соли ҷорӣ бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш ҷоеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳашар баромаданд. Кормандон ва устодони донишгоҳ саҳни бинои асосиву таълимӣ, роҳрав ва даромадгоҳҳоро аз алафҳои худрӯю партовҳои гоуногун тозаву озода карданд.
Дар факултетҳои донишгоҳ барои омодагӣ ба соли нави таҳсил долон ва синфхонаву утоқҳои кориро аз чангу ғубор тоза карда, мизу курсӣ ва тахтаҳои синфро ба тарбит дароварданд.
Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ин иқдоми наҷиб-тозаву озоданамоии ҷои кориро то оғози соли нави таҳсил идома хоҳанд дод.

 

 

 

 

 

 

You might also like