Боздид ва мулоқоти муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар ДДҲБСТ
19 августи соли 2023 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Амонзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода ва муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ аз Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дидан намуда, бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят мулоқот карданд.
Нахуст, онҳо аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи Маркази таҳсилоти рақамӣ, ки дорои лабараторияву марказҳои омӯзишӣ ва синфхонаҳои барҳавои муҷаҳҳаз бо лавозимоти муосири раванди таълим мебошад, шинос гардиданд.
Сипас, дар Маркази таҳқиқотии таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат мулоқот доир шуд, ки дар он роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат Сатториён М.А. перомуни вазъи дохилшавии довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, иҷрои нақшаи қабул ибрози андеша кард.
Ҳамзамон дар мулоқот перомуни роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим, ҷорӣ намудани ихтисосҳои рақобатпазири бозори меҳнат, бо ҷои корӣ таъмин намудани хатмкунандагон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии байни муҳассилин ва пешгирӣ аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, дурӣ ҷустан аз расму оини бегона ва пешгирии тақлиди бемаврид дар ин самт, ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ сухан рафт.
Ҷиҳати расидан ба дастовардҳои назарраси соҳаи маориф, бартараф намудани камбудиҳо ва пайдо кардани роҳи ҳал чанде аз роҳбарони донишгоҳҳо таклифу пешниҳодҳо намуданд.
Дар анҷом ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Мӯъмин Шарифзода барои ташриф ва мулоқоти судманд ба меҳмонон изҳори сипос намуд.