Сӣ соли бурдбориву музаффариятҳо дар ДДҲБСТ
Дар таърихи навини давлатдориамон, яъне зиёда аз 30 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи илму маорифи кишвар ҳамчун соҳаи калидӣ, захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ эълон гардида, мақому манзалати шоиста касб намуд. Ин нукта зимни нишасти матбуотии ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода бо намояндагони васоити ахбори омма баён гардид. Дар оғози нишаст ректори донишгоҳ иброз дошт, ки фаъолияти донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва қарору қонунҳои соҳаи маориф, дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ ироа гардида, қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ба дастовардҳои илмиву таълимӣ ноил гардид.
Дар воқеъ, даврони соҳибистиқлолӣ, ки марҳилаи амалишавии нақшаҳои азими созандагӣ, ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими сулҳу субот ва ноил шудан ба зиндагии шоиста ба ҳисоб меравад, барои фаъолияти пурсамари ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон илҳоми тоза бахшид.
Ректори долнишгоҳ илова кард, ки соли равон ба ташкили ДДҲБСТ 30 сол пур мешавад ва зарур аст, ки аз саҳифаҳои таърихии донишгоҳ, ки бо хатҳои заррин сабт мешаванд, ёдовар шавам.
Бахусус, бо ташрифи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтани корҳои сохтмонӣ дар соли 2008, дар вазъияти тантанавӣ ба истифода супоридани бинои нави таълимӣ дар соли 2011, дар раванди корҳои созандагӣ ва таҷлили ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани бинои Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ бо тамоми шароитҳои муосир дар мустаҳкам гардидани заминаҳои моддиву техникии донишгоҳ мусоидат намуд.
Бори нахуст байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардидани ихтисосҳои донишгоҳ, таъсиси Марказҳои омӯзиши Аврупо ва забонҳо, маркази тестӣ, лабараторияи инноватсионӣ, Парки технологӣ, таъсис ёфтани Шўрои диссертатсионӣ дар назди донишгоҳ, ба фаъолият шурӯъ кардани факултети муштараки Донишкадаи молияи Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,
сохта ба истифода додани Маҷмааи варзишӣ, шомил шудани донишгоҳ ба узви донишгоҳҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Лигаи донишгоҳии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва моҳи марти соли равон шомил гардидани донишгоҳ ба узвияти ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё аз дастоварди назарраси солҳои охир маҳсуб меёбад.
Дар ин давра, бори аввал дар таърихи фаъолияти донишгоҳ бо қарори Шӯрои олимон ҷиҳати ҷалби хатмкунандагони болаёқат ба ғолибони олимпиада байни хатмкунандагон ва довталабоне, ки аз рӯи ихтисосҳои интихобнамудаашон дар имтиҳонҳои дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани холҳои нисбатан баланд ноил гардидаанд, имкон дода шуд, ки дар донишгоҳ ройгон таҳсил намояд.
Илова шуд, ки бо истифода аз шароити созгор донишҷӯёни донишгоҳ кӯшиш ба харҷ дода, дар самти фаъолияти таълимӣ ва илмию тарбиявӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар доираи тадбирҳои амалишуда соли хониши 2022-2023 дар шўрои диссертатсионии назди донишгоҳ 17 нафар унвонҷўён диссертатсияи худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ дифоъ намуданд, ки 11 рисолаи ҳимояшуда ба нимсолаи дуюм рост меояд ва ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 7 адад зиёд мебошад.
Пас маълумоти мухтасари ректори донишгоҳ рӯзноманигорон-хабарнигори маҷаллаи “Кайҳон” Раънои Муҳаммад доир ба фаъолияти хатмкунандагони донишгоҳ дар НБО-и “Роғун” ва мутобиқати ихтисосҳо, хабарнигори рӯзномаи “Садои мардум” Мирзоаъзам Мақсудов перомуни нақшаҳо оид ба таҳкими фаъолияти донишгоҳ, намояндаи ҳафтаномаи “Маънавиёт” Озод Мелибоев доир ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ ва сабабҳои коҳиш ёфтани донишҷӯёни хориҷӣ, хабарнигори Агентии иттилоотии “Спутник тҷ” Қамари Аҳрор перомуни ҳамкориҳои донишгоҳ бо муассисаҳои касбии олии Федератсияи Русия, хабарнигори оҷонсии иттилоотии “Азия плюс” Фарзона Муродӣ оид ба имтиёзҳо барои донишҷӯёни ятим дар донишгоҳ ва омилҳои асосии хориҷ гардидани донишҷӯён аз донишгоҳ, намояндаи ҳафтаномаи “Согдийская правда” оид ба ҷорӣ гардидани имтиёзҳо барои довталабони дорои холҳои баланд, хабарнигори маҷаллаи “Паёми Суғд” Адиба доир ба баланд бардоштани маоши омӯзгорон ва дастгирии кормандон, хабарнигори ҳафтаномаи “Омӯзгор” Нӯмон Раҷабӣ перомуни таъмини омӯзгорон бо хонаи истиқоматӣ ва бунёди бинои баландошёна барои онҳо, сармуҳаррири рӯзномаи “Сухани халқ” Абдусабури Абдуваҳҳоб доир ба натиҷаҳои фаъолияти коммиссияи қабули донишгоҳ, хабарнигори ШТР СМ-1 доир ба ҳаъати кадрии донишгоҳ ва мавҷудияти ҳолатҳои коррупсионӣ дар давраи ҳисоботӣ, хабарнигори рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” Шоира оиди тарбияи ватандӯстии донишҷӯён ва хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Ҷовиди Аштӣ доир ба таҳсилоти фосилавӣ ва бартарии он саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби роҳбари донишгоҳ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар интиҳо ректори донишгоҳ Шарифзода М.М. аз ҳамкориҳои намояндагони ВАО изҳори қаноатмандӣ карда, изҳори боварӣ кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳои донишгоҳ бо онҳо густариш хоҳад ёфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа