Пирӯзии донишҷӯи ДДҲБСТ дар мусобиқаи “Варзиши сабук”

Пирӯзии донишҷӯи ДДҲБСТ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Нигина Ботирова дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди “Варзиши сабук”, ки аз санаи 31 май то 2-юми июн дар шаҳри Тунсунзода баргузор гардид, ширкат варзида ба гирифтани мақоми аввал сазовор шуд.
Донишҷӯи ДДҲБСТ дар намуди ҷаҳидан ба баландӣ 1 м 35 см ҷаҳида ба гирифтани мақоми аввал комёб шуд.
Дар мусобиқаи мазкур беш аз 200 нафар варзишгарон аз шаҳру навоҳии мамлакат ширкат намуда, байни ҳам рақобат карданд. Барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа донишҷӯи донишгоҳи мо бо медалу диплом қадршиносӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки Нигина Ботирова соли қабл низ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди “Варзиши сабук” сазовори ҷойи аввал гардида буд.

You might also like