ДДҲБСТ: Натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони гурӯҳҳои академӣ ва баррасии масъалаҳои мубориза ба ифротгароӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ
3 июни соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷаласа таҳти раёсати ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода бо роҳбарони гурӯҳҳои академӣ баргузор шуд. Дар кори ҷаласа муовинони ректор, роҳбарони раёсату бахшҳо, деканони факултетҳо, мудирони карфедраҳо ва сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ ширкат варзиданд.
Нахуст, ректори донишгоҳ бо ёдоварӣ аз вазъи кунунии ҷаҳони муосир, доман паҳн кардани гурӯҳҳои манфиатҷӯву ифротгаро ва падидаҳои номатлуб зикр намуд, ки беш аз пеш дар роҳи мубориза бо зуҳуроти номатлуб масъулиятшинос бошем ва дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини оромиву субот дар кишвар саҳми худро гузорем.
Сипас, муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ Шаҳноза Норматова доир ба корҳои анҷомгардидаи донишгоҳ дар заминаи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.
Иброз шуд, ки пешгирӣ намудан ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тўли солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии роҳбарияти олии мамлакат мебошад.
Илова шуд, ки давоми соли таҳсили 2022-2023 дар донишгоҳ 64 чорабиниҳо аз қабили конференсияву семинар ва мизҳои мудаввар бо ҷалби кормандон ва намояндагони мақомоти ҳифзхи ҳуқуқ ташкилу баргузор гардид.
Инчунин, дар идомаи ҷаласа мудири бахши маниторинги идоракунии сифати таҳсилот Адолат Абдуллоева доир ба танзими ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедраву факултетҳои донишгоҳ маърӯза намуд.
Ҳамзамон дар ҷаласаи васеи шӯрои сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ фаъолияти сарпарастони гурӯҳҳо натиҷагирӣ ва қарзҳои академии донишҷӯён ва давомоти донишҷӯёни гуруҳҳои таълимӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Иброз шуд, ки сарпарастон (кураторон)-и гурӯҳҳои таълимӣ бо мақсади беҳдошти корҳои тарбиявӣ, шиносоии донишҷӯён бо санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки бевосита ба донишҷӯён дахл дорад, пешгири намудани ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, риоя намудани сару либоси тавсиявӣ аз ҷониби донишҷӯён, истифода накардани телефонҳои мобилӣ дар раванди машғулият, ҳозир шудани донишҷӯён бо нақлиёти шахсӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, сарпаратон (кураторон)-и гурӯҳҳои таълимӣ вазифадор гардиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба масъалаҳои болозикр ҷоннок намоянд. Ба сарпарастони гуруҳҳои таълимии донишгоҳ пешниҳод гардид, ки оид ба фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии ҳар як донишҷӯ мулоҳизаҳои ҷамъбастиро баъди ҳар як нимсола омода намуда, дастраси волидайн гардонанд.
Дар интиҳои ҷаласа роҳбари донишгоҳ Шарифзода М.М. аз иштирокчиён хост, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд ва дар соатҳои тарбиявӣ ба донишҷӯён дар бораи муқаддасоти милливу давлатӣ маълумот диҳанд то донишҷӯён дар баробари донишҳои тахассусӣ ватандӯсту хештаншинос ва ҷавонмардони далеру шуҷоъи Ватан-Модар ба камол расанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа