Нест бод Кабириву найрангҳои ТЭТ ҲНИ
Мусаллам аст, ки халқи тоҷик саргузашти талху ширинро аз сар гузаронида, бо хислатҳои наку тамаддунофарию илму дониши ҳазорсолаҳо дар арсаи ҷаҳон мавқеву манзалати хешро по барҷо нигоҳ медорад. Аммо ҳастанд нохалафоне, ки имрўз намехоҳанд дастовардҳои Тоҷикистонро бубинанд. Ин пеш аз ҳама Кабириву ҳамаслакони вай мебошанд. Дар ҳар давру замон душманони дохилию хориҷии миллати мо ба монанди Кабирӣ, Муҳаммадиқбол ва дигар думравонашон аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ин халқи куҳанбунёдро бадном созанд. Мусоҳибаи номардона ва ғаразноки Кабирӣ дар маҷаллаи Донишгоҳи Вашингтон, ки аз надониста гирифтани ӯ, аз рушди самтҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳуриамон далолат медиҳад. Чунончӣ ў оиди мушкилоти иқтисодии кишвар ҳарф мезанад, ҳол он ки новобаста аз мушкилоти молиявию иқтисодии ҷаҳон Тоҷикистон ба дастовардҳои назарраси микроиқтисодиву макроиқтисодӣ ноил гардида мунтазам баландшавии дараҷаи зисту зиндагии аҳолии кишвар бараъло намоён аст. Масалан, иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки ин худ бозгӯи рушди бемайлони иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.
Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.
Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд.
Соли равон, 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт.
Ин дастовардҳои назаррасро Кабириву думравони ў магар намебинанд, ки ин қадар ҳарзагўи мекунанд.
Гурўҳе, ки худро дар хориҷи кишвар ҲНИ муаррифи мекунанду даъвои пуштибонӣ ва худро ғамхори халқ мешуморанд боре ба қафои худ нигаристаанд? Агар аз дилхоҳ нафар пурсон шавӣ -ҲНИ кист ва чӣ амалҳоро кардааст, танҳо як ҷавоб мегирӣ ҷанг, кушторҳо ва хонахаробиҳоро дар Тоҷикистон ташкил намуда аст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд корҳои зишту мардумфиребии Кабириву ҳамаслаконашро хуб дарк намояд ва найрангҳои онҳоро рӯи об барорад.
Ба бахти миллати мо, Тоҷикистон баъди ҳазор сол давлати соҳибихтиёр гардид ва роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ягонаю дунявиро интихоб кард ва бо сарвари хирадпешаю ҷонфидояш ба дастовардҳои бузурги илмию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Баҳри расидан ба сулҳу суботи сиёси якдилию якпорчагӣ, сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар ҷонбозиҳо кардаанд. Ба ҳамин аҳду паймон таҳамулпазирии ҳукумату давлат нигоҳ накарда роҳбарони ҲНИ ба миллату давлати худ хиёнат карданд ва то ҳол аз нақшаву ниятҳои нопоки худ даст накашида аз кишварҳои дуру наздик ба сари давлату миллат санги маломат мезананд.
Имрӯз мардуми хирадсолори тоҷик дӯсту душманро ба хуби шинохтааст ва ҳеҷ гоҳ ба дасисаҳои бадандешон, душманони халқ фирефта нахоҳанд шуд. Кабирӣ ва ҳамаслакони ӯро обу хоки Ватан кӯр хоҳад кард, бо маслиҳати хоҷагони зархариди худ дар мамлакатҳои хориҷ митингҳои бемантиқ ҷамъ намуда, мехоҳанд диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб сохта, гуё ҳақиқати ҳаётро ба онҳо фаҳмониданӣ мешаванд. Вале кулли ҷаҳониён ва тоҷику тоҷикистониён кӣ будани он хоинонро медонанд ва сад шукр, ки мардум имрўз ба атрофиён бо ақли хирад ва чашми равшан менигаранд ва ба ояндаи худ боварии комил доранд. Рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварамон, омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон дар роҳи интихобкардаи худ устуворона қадам гузошта, ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расидааст ва намегузорад ягон нохалафе пои худро боз ба Тоҷикистон бигузорад ва дар ин роҳ ба душманону хоинони миллат ҷой нест.
Мо бо ифтихор мегўем, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар кишвар сулҳу суботро таъмин намуд, балки ба ҷаҳониён ташаббусҳои нодирро пешниҳод намуд, ки баҳри ҳалли бисёре аз масоили глобаливу минтақавӣ мусоидат менамоянд. Аз ин рў, баромадҳои бемантиқу беасоси Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ асоси воқеӣ надорад ва зери танқиди шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд монад!
Акмалова М.А. – д.и.с., профессор, декани факултети “Сиёсатшиносӣ ва МБ”-и ДДҲБСТ