Донишҷӯёни ДДҲБСТ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумрук» гардиданд
26 майи соли равон дар ДМИТ бо ташаббуси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар оғоз таъкид шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумрук» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои тақвияти дониш ва ҷаҳонбинии иштирокчиён ва тавсеаи ҳамкориҳо ва робитаи байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар самти илму таълим мебошад.
Аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чор нафар донишҷӯён дар озмуни мазкур иштирок намуданд. Донишҷӯи ихтисоси хадамоти гумруки донишгоҳ Алишер Муминов дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумрук» ба гирифтани мақоми сеюм шарафёб шуда, бо Дипломи дараҷаи III қадршиносӣ гардид. Дар номинатсияи “Даставӣ” бошад дастаи ДДҲБСТ сазовори мақоми сеюм дониста шуд. Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давоми ду рӯз идома ёфта, дар он донишҷӯён аз 8 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд. Озмун аз рӯйи ду номинатсия – «Даставӣ» ва «Инфиродӣ» гузаронида шуд. Барои дар сатҳи баланд баргузор ва одилона баҳогузорӣ намудани озмун ҳакамон – мутахассисони соҳа аз Хадамоти гумрук даъват шуда буданд.