XXIII конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти мавзӯи «Назария ва амалияи фаъолияти тиҷоратӣ. Рақамикунонии ҷаҳонӣ ҳамчун воситаи дигаргуншавӣ
Санаҳои 24-25 май XXIII конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти мавзӯи «Назария ва амалияи фаъолияти тиҷоратӣ. Рақамикунонии ҷаҳонӣ ҳамчун воситаи дигаргуншавӣ» баргузор гардид. Конференсия бо ташаббуси Донишгоҳи федералии Сибири Федератсияи Россия ташкил карда шуд, ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамчун яке ташкилкунандагони он фаъолият намуд. Дар конференсия намояндагони мактабҳои олии Россия, Қазоқистон ва Тоҷикистон ширкат намуданд.
Саная 24 май ҷаласаи пленарии конференсия бо роҳбарии директори Донишкадаи тиҷорат ва соҳаи хизматрасонии Донишгоҳи давлатии Сибир, д.и.и., профессор Суслова Ю.Ю. баргузор гардид.
Дар ҷаласаи пленарӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, д.и.и., профессор Бобоҷонов Д.Д. иштирок намуда, аз номи донишгоҳ ба иштирокчиёни конфронс салом расонд. Инчунин дар ҷаласаи пленарӣ бо тарики онлайн н.и.и., дотсент Асророва М.А. дар мавзӯи «Иқтисодиёти рақамӣ ҳамчун омили самаранокии фаъолияти тиҷоратӣ» маърӯза намуд.
Илова бар ин, дар доираи конференсия дар заминаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, яке аз бахшҳо дар мавзӯи «Рушди фаъолияти тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рақамикунонӣ» баргузор гардид. Дар доираи бахш масъалаҳои ташаккули заминаи рақамӣ барои рушди фаъолияти тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи технологияҳои рақамӣ барои рушди фаъолияти тиҷоратӣ дар Тоҷикистон, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи савдо ва тиҷорат, инчунин мушкилоти ташкили иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Конференсия «Назария ва амалияи фаъолияти тиҷоратӣ. Рақамикунонии ҷаҳонӣ ҳамчун воситаи дигаргуншавӣ» як қадами муҳим дар самти таъсис ва рушди шарикӣ байни донишгоҳи мо ва Донишгоҳи федералии Сибир мебошад.