Муҳаммадиқболи қаллоб!

Аз рӯи маълумотҳои асоснок ва тасдиқшуда маълум аст, ки Муҳаммадиқбол Садуридинов  бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандон зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст.

Баррасӣ ва санҷиши аризаҳо нишон додааст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, дар ҳузури шоҳидон шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон Давронов М., Эркинов X. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Шерматов Ч. бо роҳи қаллобӣ, даромадан ба боварӣ, бо овардани ривоятҳо аз Қуръон ва ҳадисҳо аз пайғамбари дини ислом, аз шаҳрвандони ҶТ Кабутов Н.Б. 130 000 доллари ИМА, аз Холов С.И. 120 000 доллари ИМА ва аз Қаюмов Н.Ш. 180 000 доллари ИМА (ҷамъ 430 ҳазор доллари ИМА) гирифта, ваъда медиҳад, ки дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳармоҳа аз 10 то 12% фоида хоҳад дод.  Барои ба даст овардани боварӣ, Садуридинов М.Қ. ду моҳи аввал аз маблағи додаашон 5-6 % маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ, ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабари бардурӯғ дода, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварда, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубайи АМА ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад.

Ҳамин тариқ, Садуридинов М.Қ. (Муҳаммадиқболи Садриддин) бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандони зикргардида зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст.

Бо дарназардошти он, ки дар кирдорҳои Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович (Муҳаммадиқболи Садриддин) аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавҷуданд, нисбати номбурда парвандаи  ҷиноятӣ оғоз ва дар кофтукови расмӣ эълон карда шуда,  тафтишоти пешакӣ  дар робита бо ин парванда  идома дорад.

Бояд қайд кард, ки  Муҳаммадиқболи Садриддин аз ҳаммаслакони Кабирии миллатфуруш буда, пайваста ғояҳои наҳзатиро тарғиб менамояд. Аз ҳаммаслакони Кабирӣ боз чиро интизор шудан ҳам мумкин. Онҳо ба ҳама корҳои пасту нанговар даст зада метавонанд.

Хулоса Муҳаммадиқболи Садриддин бар замми дигар кирдорҳои номатлубаш қаллоб буда, аз ин бар меояд, ки Кабирӣ назди худ дузду муттаҳам ва ҷинояткорон, қаллобу авбошонро ҷамъ намуда аз худ як лидери ҷинояткоронро сохтанист!

Ҷиноятҳои ин нафарон сад дар сад исбот шудааст. Вале ин хоинони миллат аз хориҷа қарор гирифта мехоҳанд аз худ як бегуноҳе сохта бошанд.

Аҷиб он аст, ки бо вуҷуди ин боз баъзе нафарон ба доми ин хоинон афтода, ба суханҳои бофтаю бардурӯғи онҳо бовар карда, худ бехабар ба як ҷинояткор табдил ёфта истодаанд. Нафарони ба доми онҳо афтодаистода асосан аз ҳисоби муҳоҷирон буда, ин муҳоҷирон солҳои дароз дар Тоҷикистон қарор надоштанд ва аз ҳолати воқеъии Тоҷикистон маълумотҳои пурра надоранд. Бинобар ин, ба суханҳои бардурӯғи онҳо бовар карда истодаанд. Вобаста ба ин, ҳар яки моро зарур аст, ки ба ин хоинон ва бадхоҳони миллат ҳаргиз бовар накунем.

Кирдорҳои содирнамудаи ин хоинони миллатро мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Инҳо нафарони мансабталош, ҳадафҳояш нопок ва дурӯғгӯй мебошанд. Мо, мардуми Тоҷикистон ин хоинони миллатро ҳамчун инсон эътироф намекунем, зеро онҳо дар қатори инсонӣ нестанд.

 

 Бобоев А.Х. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like